Бунёди расонаии Замона

Zamaneh Media Foundation

“Замона як бунёди расонаии мустақил аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш, таҳлил, мабоҳиси назарӣ, нашри китоб ба сурати онлойн, омӯзиш ва баргузории ҷаласоти баҳсу гуфтугӯ фаъолият мекунад. Сойти “Замона” меҳвари фаъолиятҳои бунёди расонаии Замона аст.

Бунёди расонаии Замона ба унвони “Родию Замона” кори худро бо тамаркуз бар рӯи Эрон оғоз кард ва агарчи акнун барномаи родиюӣ арза намекунад, боз ба ин ном шуҳрат дорад. Мо ба ин унвон арҷ мениҳем. Нишонии сойти мо нишон аз ин фаъолияти оғозин дорад.

“Родию Замона” аз сездаҳи амурдоди соли 1385-и хуршедӣ (чаҳоруми августи 2006) фаъолияти худро оғоз кард.

“Замона” мекӯшад трибуне барои садоҳои “дигар” бошад. Ин расона алайҳи табъиз аст ва талош мекунад имконоти иттилоърасонии худро дар ихтиёри афрод ва гурӯҳҳои иҷтимоъие бигзорад, ки мавриди табъиз қарор мегиранд. Мабоҳиси марбут ба занон, ақаллиятҳои мазҳабӣ, қавмӣ, ҷинсӣ ва… дар конуни таваҷҷуҳи “Замона” қарор доранд.

“Замона” як расонаи боз ва озод ва интиқодӣ аст. Ҳамкорони Замона зимни риъояти истондордҳои умумии нивисандагӣ ва рӯзноманигории бокайфият, халлоқ ва наққод, дасте боз дар гузиниш ва парвариши мавзӯъ доранд. Ҳеч матлабе мавзеъи расмии “Замона” дар куллияти он ва ё дар бахши мудирияти он нест.

Мухотаби аслии Замона эрониён ҳастанд. Аммо “Замона” аз ибтидои таъсиси худ таваҷҷуҳи вижае ба ҳамсоягони Эрон доштааст. Ин таваҷҷуҳ бо ибрози алоқа ба дастовардҳои фарҳангиву иҷтимоъӣ ва бар мабнои таъмиқи сулҳу дӯстӣ будааст.

Таъсиси сойти тоҷикӣ бо ҳамин ҳадаф сурат гирифтааст.

Тамоми ҳуқуқи марбут ба вебсойт ва родиюи “Замона” ва матолиби ин расона бар асоси парвонаи Creative Commons мутаъаллиқ ба “Замона” аст.

Нақли матлаб аз “Замона” бо зикри маъхаз озод аст.

“Замона” бо алоқаи бисёр, аз табодули назар бо мухотабони худ истиқбол мекунад. Бо мо тамос бигиред ва интиқодҳову пешниҳодҳои худро бо мо дар миён бигзоред.

Аз дарёфти мақола, видеу ва акс дар заминаҳои иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ истиқбол мекунем.

Имейли тамос:

Ҳифзи ҳарим ва иттилоъоти шахсӣ

Замона ба пайравӣ аз муқаррароти пояии лозимулиҷро дар Иттиҳодияи Урупо (GDPR) таваҷҷуҳи акид ба ҳифзи ҳариму иттилоъоти шахсии корбарон дорад. Иттилоъоте, ки корбарон дар ихтиёри мо мегузоранд, масалан имейл барои фиристодани хабарнома, дар ихтиёри ҳеч фард ё ниҳоди дигаре қарор намегирад.

Иттилоъоти бештар дар инҷо.